Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон: Бунёди муассисаҳои зидди мушакӣ сармоя мехоҳад


Намояндаи вазорати дифои ИМА дар бораи эҳтимоли бунёди панҷ муассисаи зидди ҳамлаи мушакӣ дар соҳилҳои шарқии кишвар хабар дод ва аммо гуфт, ки дар ин бора тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст, зеро дар шароити сарфаи буҷа шояд пайдо кардани сармоя ба мушкил мувоҷеҳ шавад.

Ба иттилрои хабаргузории Рейтер, Мадлейн Криидон, ёвари вазири дифоъ дар умури масоили стратегӣ изҳор намуд, ки барои бунёди ин муассисаҳо дар буҷаи Пегтагон маблағ ҷудо нашудааст. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи хонум Криидон, муассисаҳои зиди ҳамлаи мушакӣ шояд дар аёлатҳои Нй-Йорк, Вермонт, Мэн, Огайо ва Мичиган ҷойгир шаванд.
XS
SM
MD
LG