Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Чин лӯлаи газ мекашанд


Тоҷикистону Чин як қарордоде имзо карданд, бар асоси он як шохаи лӯлаи гази Туркманистону Чин аз қаламрави Тоҷикистон хоҳад гузашт. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ бо нашри иттилоияе гуфт, ки созишномаи мазкур баъд аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои чинии ӯ Ши Ҷинпинг дар шаҳри Бишкек имзо шудааст. Бар асоси тарҳ, қитъае лӯлае, ки аз қаламрави Тоҷикистон хоҳад гузашт, 400 километрро ташкил медиҳад ва бояд то соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Бино ба ҳамин иттилоия иҷрои ин лоиҳа боиси ҷалби 3 миллиард доллар сармояи мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон хоҳад шуд. Аз ин пеш Чину Туркманистон дар бораи кашидани хати нави лӯлаи газ миёни ду кишвар созишномае имзо карданд, ки қарор аст, аз тариқи он солона аз Туркманистон ба Чин то 30 миллиард метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шавад.
XS
SM
MD
LG