Пайвандҳои дастрасӣ

Керрӣ барои мулоқот бо Лавров вориди Женева шуд


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, барои гуфтугӯ бо Сергей Лавров, ҳамтои руси худ дар бораи барномаи маҳви захираҳои аслиҳаи кимиёии Сурия вориди шаҳри Женева шуд. Дар ин гуфтугӯҳо, ки ду рӯз идома хоҳад кард, мутахассисони аслиҳаи кимиёӣ аз Амрикову Русия ширкат мекунанд. Ҳукумати Сурия ризоият додааст, қабл аз нобудӣ, нозирони байналмилалӣ, захираҳои аслиҳаи кимиёии онро таҳти назорат бигиранд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, гуфтааст, барои фурсат додан ба талошҳои дипломатӣ, ҳамлаи низомӣ ба Сурияро ба таъхир меандозад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе дар Қазоқистон гуфт, ҳоло ҳам роҳи расидан ба сулҳ дар Сурия вуҷуд дорад ва ҷаҳон набояд ин фурсатро аз даст бидиҳад. Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, истифодаи гази кушанда дар наздикии Димишқ, ки 1400 нафарро кушт, кори дасти ҳукумати Сурия аст ва ин амал набояд беҷазо бимонад.
XS
SM
MD
LG