Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми нави Некрӯй Забиров


Некрӯй Забиров раиси Ассотсиатсияи содиркунандагону воридкунандагони Тоҷикистон роҳбари корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» таъин шудааст.
Як манбаъ дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ҷаноби Забиров аз 17-уми июл дари н мақоми нав кор мекунад. Исми Некрӯй Забиров рӯзи 13 май дар пайи баргузории ҷаласаи изтирории и соли равон роҳбари корхонаи «Тоҷинвест» таъин карда шуд. Шӯрои ҳамоҳангсозии анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон вирди забони матбуот шуд. Дар ин ҷаласа ин ниҳодро, ки раҳбариашро Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав, бар ӯҳда дошт, комилан барҳам доданд. Мунтақидон мегуфтанд, Забиров ва тарафдоронаш супориши «боло»-ро, ки аз азми Зайд Саидов ба таъсиси ҳизби нав нороӣ буд, иҷро кардаанд. Худи ӯ он вақт дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, далели барҳам додани Шӯро ноқаноатмандӣ аз фаъолияти раҳбараш буд.
КВД «Тоҷинвест» 23-уми майи соли 2010 таъсис ёфта, вазифааш ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, созмон додани фондҳои сармоягузорӣ ва ҳимояи сармоягузориҳои мустақими дохиливу хориҷӣ гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG