Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости ноболиғи тоҷик барои издивоҷ рад шуд


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ахиран дархости як духтари 17-соларо барои издивоҷ бо як ҷавони 31-сола ва қабл аз синни қонунии никоҳ рад кардааст. Дар ҳукми додгоҳ, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳам ҳаст, гуфта мешавад, Шамсия Аминова, сокини ҳамин ноҳия аз додгоҳ хостааст, ба ӯ иҷоза диҳад, ки бо розигии худаш бо як ҷавони 31-сола издивоҷ кунад. Духтари ноболиғ пириву бемории падарашро далел оварда ва гуфтааст, ки мехоҳад, падараш тӯи арӯсии ӯро бубинад. Шамсия Аминова эътироф кардааст, ки дар мактаб танҳо то синфи дуввум хондааст, тамом ва аризаро ба додгоҳ низ аз номи ӯ дигар кас навиштааст. Домод, ки 5 сол дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон таҳсил кардааст, низ аз додгоҳ хостааст, ба арӯсаш иҷозаи издивоҷ бидиҳанд. Аммо додраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо назардошти синну соли духтар ва зоҳиран хурд будани Шамсия Аминова ва мавҷуд набудани ваҷҳе барои поён бурдани синни никоҳ дархости ӯро рад кардааст. Дар Тоҷикистон, духтарон ҳақ доранд, танҳо баъди расидан ба 18 солагӣ издивоҷ кунанд, аммо дар ҳолатҳои истиноӣ додгоҳ метавонад, ба онҳо як сол пеш ин иҷозаро бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG