Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони чаҳор кишвар вориди Бишкек шуданд


Раҳбарони Тоҷикистону Афғонистон ва Эрону Муғулистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай вориди Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуданд. Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури ин кишвар, бо Ҳомиди Карзай ҳамтои афғони худ амният дар минтақаро баррасӣ кард. Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон низ имрӯз бо Ши Ҷинпинг, ҳамтои чинии худ мулоқот мекунад. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳури Чин низ пешбинӣ шудааст. Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, аз Тоҷикистону Қазоқистон, Русияву Чин ва Узбакистону Қирғизистон таркиб ёфтааст. Эрону Ҳинд, Афғонистону Муғулистон ва Покистон, мақоми нозир дар ин созмонро доранд. Дар нишасти сарони кишварҳои узв, ба масоили амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ тамаркуз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG