Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куриёи Шимолӣ ҷомеаи байналмилалро нигарон кард


Гузориши як пажӯҳишгоҳи амрикоӣ дар мавриди дигарбора ба кор андохтани реактори ҳастаии Йонгбйон дар Куриёи Шимолӣ, мояи изтибору нигаронии ҷомеаи байналмилалӣ шудааст. Юкиа Амано, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гуфт, ки созмонаш ин гузоришро таҳқиқ мекунад, вале аниқ намедонад, ки онҷо чӣ мегузарад. Ҳукумати Русия гуфт, дар маҳалли реактор фаъолиятҳое мушоҳида шудааст, вале нишонае аз кор кардани реактор вуҷуд надорад. Як манбаъи дипломатӣ гуфт, Русия аз “вазъи тарсноки” реактор, ки метавонад, плутониуми лозим барои бомби атомӣ ҳосил кунад, нигарон аст. Пажӯҳишгоҳи Умури Байналмилалии Ҷон Ҳопкинс дар Амрико гуфт, дар аксҳои моҳвораӣ аз рӯзи 31 август бухори сафед аз маҳалли реактор дида мешавад, ки далели кор кардани реактори атомист. Пхенян фаъолияти реактори Ёнгбёнро соли 2007 бар асоси тавофуқ бо қудратҳои ҷаҳонӣ муттавақиф кард, вале моҳи апрел гуфт, ки онро дигарбора ба кор меандозад.
XS
SM
MD
LG