Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куриёи Шимолӣ реактори атомиашро ба кор андохтааст


Як пажӯҳишгоҳи Амрико мегӯяд, аксҳои моҳвораӣ нишон медиҳанд, ки зоҳиран Куриёи Шимолӣ як реактори ҳастаиашро ба кор андохтааст, ки қодир ба тавлиди плутониуми лозим барои бомби атомӣ аст. Пхенян фаъолияти реактори Ёнгбёнро соли 2007 бар асоси тавофуқ бо қудратҳои ҷаҳонӣ муттавақиф кард, вале моҳи апрел гуфт, ки онро дигарбора ба кор меандозад. Маркази мутолиоти Амрикову Корея дар Пажӯҳишгоҳи Умури Байналмилалии Ҷон Ҳопкинс дар Амрико гуфт, дар аксҳои моҳвораӣ аз рӯзи 31 август бухори сафед аз маҳалли реактор дида мешавад, ки далели кор кардани реактори атомист. Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар ин бора то кунун шарҳе надодааст. Куриёи Шимолӣ соли 2008 ба нишони эътимодсозӣ дар музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ, манораи сардсозии реакторро вайрон кард ва он аз соли 2008 то кунун хомӯш буд.
XS
SM
MD
LG