Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои аввали чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон


Се бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ширкати дастаҳои лигаи олӣ шоми 11-уми сентябр ба анҷом расид.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бар “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Голҳоро дар нимаи аввали бозӣ Сафаралӣ Каримов ва Аҳтам Ҳамроқулов ба ҳадаф расонданд.

Дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров аз тими меҳмон - “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ҳисобро дар дақиқаи 34-ум нимҳимоятгари мизбонон Орзу Додхудоев боз кард. Баъди 6 дақиқа , Дэвид Мауто, легионери африқоии “Равшан” аз Гана, ҳисобро баробар намуд. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 52-юм ҳамлагари меҳмонон Нуъмонҷон Ҳакимов голи ҳалкунандаро ба самар расонд. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 72-юм дарвозабони “Равшан” Неъмат Тошев ба бозигари «Парвоз» Илҳом Мирзоев имкон надод, ки аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра тӯбро ба ҳадаф расонад.

Дар шаҳри Истаравшан дастаи мизбон – “Истаравшан”низ аз тими меҳмон – “Истиқлол” бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Ҳарсе гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Дар дақиқаи 47-ум Глаубер Да Силва, легионери бразилии “Истиқлол”, ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро ҳамлагари мизбонон Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 70-ум зад. Голи дувуми “Истиқлол”-ро капитани даста Дилшод Восиев дар дақиқаи 72-юм ба дарвозаи мизбонон ворид кард. Дарвоқеъ, ин пирӯзӣ тӯҳфаи хубе шуд ба ҷашни сармураббии “Истиқлол” Олег Ширинбеков, ки 11-уми сентябр 50-сола шуд.

Ёдовар мешавем, ки 10-уми сентябр дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар бозии аввали чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар меҳмонӣ бар тими «Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2-1 ғалаба карда буд. Нахуст дастаи лигаи аввал – «Эсхата» муваффақ гашт. Иброҳим Раҳматов, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 6-ум тӯбро аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд. Баъди 19 дақиқа Наврӯз Рустамов, ҳамлагари меҳмонон, ҳисобро баробар кард. Голи дувум ва ҳалкунандаи «Вахш»-ро ҳамлагар Абдухалил Боронов дар дақиқаи 41-ум зад.

Бозиҳои ҷавобии чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 17-ум ва 18-уми сентябр барпо мегарданд.

Ҷоми Тоҷикистон-2013
1/4 финал. Натоиҷи бозиҳои аввал

10-уми сентябр (сешанбе)
«ЭСХАТА» (Хуҷанд) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа). Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак». Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
Голҳо: Иброҳим Раҳматов, 6 – аз пеналтӣ (1:0). Наврӯз Рустамов, 25 (1:1). Абдухалил Боронов, 41 (1:2).
Аз майдон хориҷ шуд: Наврӯз Рустамов («Вахш»), 80 – барои задани рақиб бо оринҷаш.

11-уми сентябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16.30
«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе).Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург». Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Голҳо: Сафарали Каримов, Ахтам Хамрокулов (дар нимаи аввали бозӣ).

"ПАРВОЗ" (Бобоҷон Ғафуров) - "РАВШАН" (Кӯлоб). Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи"Фурудгоҳ".». Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Голҳо: Орзу Додхудоев, 34 (1:0). Дэвид Мауто, 40 (1:1). Нуъмонҷон Ҳакимов, 52 (1:2).
Аз пеналтӣ истифода накард: Илҳом Мирзоев («Парвоз»), 72.

«ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе). Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ. Сардовар: Сафармаҳмад Шоймардонов.
Голҳо: Глаубер Да Силва, 47 (0:1). Фарҳод Тоҳиров, 70 (1:1). Дилшод Восиев, 72 (1:2).

1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ
17-уми сентябр (сешанбе)
Оғози бозӣ - соати 16.00
«ВАХШ» - «ЭСХАТА» . Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».

18-уми сентябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16.30
«ЭНЕРГЕТИК» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».
"РАВШАН" - "ПАРВОЗ". Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
«ИСТИҚЛОЛ» - «ИСТАРАВШАН». Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
XS
SM
MD
LG