Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди тарҳи халъи аслиҳаи кимиёвии Сурия ба Амрико


Бино ба гузоришҳо, Русия тарҳи назорати байналмилалӣ бар захираҳои аслиҳаи кимиёвии Сурияро барои баррасӣ ба Иёлоти Муттаҳида додааст. Қарор аст, дипломатҳои ду кишвар тарҳи мазкурро рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Женева баррасӣ кунанд. Аз бими ҳамлаи эҳтимолии Амрико, ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ин тарҳи пешниҳодии Русияро қабул кард. Аммо Русия пешниҳоди Амрикову Фаронса дар бораи қабули қатъномае дар Шӯрои Амниятро рад кард, ки дар он хоста мешавад, дар сурати иҷро накардани талаботи қатънома Сурия "сазои бисёр сахт" хоҳад дид. Александр Орлов, сафири Русия дар Фаронса гуфт, тарҳи мазкур як "дом" барои боз кардани роҳ ҷиҳати мудохилаи низомӣ дар муноқишаи Сурия аст. Ба гуфтаи Александр Орлов, дар қатънома бояд механизми назорат бар аслиҳаи кимиёвии Сурия муқаррар шавад, на таҳрим алайҳи он кишвар. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи сешанбе гуфт, ин кишвар ва ҳампаймонҳояш тарҳро баррасӣ мекунанд, вале айни замон барои зарба задан ба Сурия омода мемонанд.
XS
SM
MD
LG