Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ду сарбози покистониро озод кардаанд


Толибон дар ивази озодии чанд узви худ ба нишони ҳусни ният, ду сарбози Сипоҳи Марзии Покистонро озод кардаанд. Хабари мазкурро манбаъе дар гурӯҳи Толибон ба бахши покистонии Радиои Озодӣ таъйид кард. Мақомоти вилояти Вазиристони Ҷанубӣ гуфтаанд, ки нерӯҳои амниятии Покистон дар ивази ин, 6 ҷангҷӯи боздоштшудаи Толибонро раҳо кардаанд. Пештар аз ин дар рӯзи душанбе ҳукумати Покистон бо баргузории нишасти ҳамаи аҳзоб дар Исломобод хостори муколама бо Толибон шуд. Мақомоти Покистон ҳамчунин гуфтаанд, ки қасд доранд, барои мусоидат ба музокироти сулҳ миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон, Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини Мулло Умар, раҳбари Толибонро аз зиндон раҳо кунанд.
XS
SM
MD
LG