Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии бесобиқаи футболбозони афғон


Тими миллии Афғонистон бори аввал дар як мусобиқаи байналмилалии футбол ҷоми аслиро аз они худ кард. Дар бозии ниҳоии мусобиқоти футболи Федератсиюни Футболи Кишварҳои Ҷануби Осиё, футболбозони афғон, тими миллии Ҳиндро бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст доданд. Бозӣ дар шаҳри Катманду пойтахти Непал баргузор шуд ва шӯру ҳаёҳуеро дар Кобул ва дигар гӯшаҳои Афғонистон барангехт. Афғонистон яке аз бунёнгузорони Федератсиюни Футболи Осиёст, вале бинобар ноамнӣ ва бахусус дар давраи Толибон сатҳи футболи кишвар бисёр паст рафт. Бо пешрафти андак дар солҳои ахир тими миллии Афғонистон ҳоло дар рейтинги ФИФА дар мақоми 139-ум қарор дорад.
XS
SM
MD
LG