Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: ИМА худро аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ дифоъ мекунад


"ИМА ҳамеша ҳушёр хоҳанд монд ва худро аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ дифоъ хоҳад кард". Ин изҳороти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 садо дод. Ҳамзамон, ба гуфтаи Обама, "ҳарчанд истифодаи нерӯ гоҳо ногузир аст, вале фақат бо истифодаи зӯр наметавон оламеро бунёд кард, ки орзуяшро дорем".

Раисиҷумҳур дар маҷмааи ба ёди қурбониёни ҳамлаҳои терористии соли 2001 дар Пентагон бунёдшуда гумчамбар гузошт. Дар ниёиш ҳама раҳбарони низомии кишвар ва пайвандони қурбониён ширкат доштанд.

Дар ИМА рӯзи 11 сентябр чораҳои шадиди амниятӣ андешида шудаанд. Ҳамчунин барои таъмини амнияти сафоратхонаву намояндагиҳои ИМА дар дигар кишварҳо нерӯҳои иловагиро сафарбар кардаанд. Соли гузашта рӯзи 11 сентябр афроди мусаллаҳ ба консулгарии ИМА дар шаҳри Бенғозии Либия ҳамла карданд, ки дар натиҷа чаҳор амрикоӣ, аз ҷумла, сафари кишвар дар Либия Кристофер Стивенс ба ҳалокат расиданд.

12 сол пеш бар асари ба биноҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар Ню-Йорк ва бинои Пентагон дар Вошингтон равона кардани ҳавопаймоҳои рабудашуда ва таркиши як ҳавопаймои дигар дар аёлати Пенсилвания тақрибан се ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд. ИМА дар ташкили ин ҳамлаҳо шабакаи “Ал-Қоида”-ро айбдор мехонад.
XS
SM
MD
LG