Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назорат аз болои силоҳи кимиёвӣ оё поёни ҷанг дар Сурия аст?


Тарҳи Русия оид ба таъини назорати байнулмилалӣ аз болои силоҳи кимиёвӣ дар Сурия ба ИМА ироа шуд

Дар ин бора ба хабарнигорон як дипломат, ки вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавровро дар сафараш ба Қазоқистон ҳамроҳӣ мекунад, иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, қарор аст, ки ин тарҳро рӯзи 12 сентябр Сергей Лавров ва ҳамтои амрикоияш Ҷон Керрӣ дар Женева баррасӣ кунанд.

Аз ин пеш се кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ - Бритониё, Фаронса ва ИМА рӯзи чаҳоршанбе ба баррасии тарҳи қатъномае оид ба Сурия шурӯъ карданд, ки аз сӯи Порис таҳия шудааст. Дар ин санад аз Димишқ тақозо шудааст, ки тайи 15 рӯз дари ҳама муассисаҳои кимиёвии худро ба рӯи нозирони СММ боз намояд. Дар акси ҳол, омадааст дар тарҳ, алайҳи режими Башор Асад чораҳои муҷозотӣ – аз таҳримҳо то дахолати низомӣ, ки банди 7 Ойинномаи СММ пешбинӣ кардааст, андешида мешаванд. Тарҳи таҳиякардаи Фаронса ҳамчунин тақозо дорад, ки асноди марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия ба хотири ошкор кардани ҷиноёти эҳтимолии низомӣ ба Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ё Гаага супурда шавад.

Рӯзи сешанбе Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ваъда дод, ки пешниҳоди Русия дар бораи зери назорати байнулмилалӣ қарор додани захираи силоҳи кимиёвии Сурияро меомӯзад. Ҳамзамон ӯ ҳушдор дод, то он замоне, ки талошҳои дипломатӣ муассир будани худро собит накунанд, нерӯҳои ИМА барои зарбаи фаврӣ задан ба муассисаҳои низомии Сурия омода боқӣ хоҳанд монд.

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, ки таҳти назорати СММ қарор додани захираи силоҳи кимиёвии Димишқ саҳл нахоҳад буд, зеро айни ҳол касе намедонад, ки Сурия чӣ қадар силоҳи кимиёвӣ дорад ва он дар куҷо маҳфуз аст. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки Димишқ аз оғози солҳои 80-уми қарни
гузашта ба ин сӯ садҳо тонна заҳри қаттолу маводи кимиёвӣ, аз ҷумла, зарин, табун, VX тавлид кардаст. Таҳлилгарон ба он нукта ҳам ишора мекунанд, ки баррасии мавзӯъи таҳти назорати байнулмилалӣ қарор додани силоҳи кимиёвии Сурия дар Шӯрои амнияти Созмони Милал ҳам ба сахтӣ хоҳад гузашт, зеро Русия ва Чин ба ҳама гуна шарту шароити шадид, аз ҷумла, мӯҳлати кӯтоҳ барои бозрасӣ шудани муассисаҳои кимиёвии Димишқ аз сӯи нозирон ё ҳушдори паёмадҳои сангин барои ҳукумати Сурия муқовимат хоҳанд кард.

Дина Исфандиёрӣ, таҳлилгари масоили минтақаӣ дар Пажуҳишгоҳи мутолеоти байнулмилалии Лондон мегӯяд, "водор сохтани ҳама барои розӣ шудан ба шарту шароити ҷиддӣ саҳл нахоҳад буд, зеро Русия қаблан, тайи чанд моҳ, аз қабули ин гуна қатъномаҳо ҷилавгирӣ карда буд. Ҳамин тариқ, агар онҳо, ҳарчанд худ ин пешниҳодро ба миён гузоштаанд, бори дигар аз ин гуна амал кор бигиранд, ман ҳайрон нахоҳам шуд".

Русия ва Чин, ду узви доимии Шӯрои амнияти СММ, се бор ба қатъномаҳои ин ниҳод барои эъломи таҳримҳо болои ҳукумати Башор Асад вето гузоштанд. Моҳи гузашта Вошингтон гуфт, ки бар асари мавзеъгириҳои Маскав аз ҳамкорӣ дар Шӯрои амният дар мавзӯи истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар канори Димишқ рӯзи 21 август ноумед шудааст.

Коршиносон ҳамчунин мегӯянд, пурра бозрасиву номнавис кардани ҳама захираи силоҳи кимиёвӣ дар Сурия сафар ба манотиқи гуногуни кишварро талаб дорад, ки дар шароити идомаи ҷанг осон нест. Ба ин хотир, ба гуфтаи Ричард Гутрӣ, коршиноси масоили силоҳи кимиёвӣ дар Пажуҳишгоҳи байнулмилалии сулҳ дар Стокҳолм, нозирони таслиҳотӣ бояд ҳатман ҳамроҳ бо сарбозони нерӯҳои посдори сулҳи СММ ба тафтиши муассисаҳои кимиёвӣ раванд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи таҳлилгарон, дар пешниҳоди Русия аз ошӯбгарони мусаллаҳ, ки аз гурӯҳҳои мухталиф иборатанд, ёдоварӣ нашудааст. Ба истилоҳи дигар, фақат созиш бо режими Башор Асад барои дар ихтиёри СММ қарор додани захираи силоҳи кимиёвӣ кофӣ нест.

Дина Исфандиёрӣ мегӯяд, ки айни ҳол захираи силоҳи кимиёвии Сурия пурра дар ихтиёри Димишқ аст. Вале, ба гуфтаи ӯ, низоъ дар кишвар идома дорад ва касе наметавонад бигӯяд, ки ҳатто дар сурати тағйири ҳукумати Димишқ ин силоҳ дастраси дигар гурӯҳҳо, аз ҷумла, гурӯҳҳои ифротгаро, нахоҳад шуд.
Пол Шулт, коршиноси масоили низомӣ дар Коллеҷи Карнегии Лондон мегӯяд, Ал-Қоида дастрасӣ ба силоҳи қатли омро барои ҷиҳод басо муҳим мехонад ва аз рӯ муҳим аст муқаррар кард, ки ин шабака аз кадом роҳҳо ин силоҳро дастрас кардан мехоҳад.

Ҳамзамон коршиносон мегӯянд, амалӣ шудани пешниҳоди Русия маънои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурияро надорад. Аз нигоҳи онҳо, ин талош барои он аст, ки аз истифодаи дигарбораи силоҳи кимиёвӣ дар Сурия ҷилавгирӣ шавад. Зимнан, ҳадафи амалиёти низомии Амрико дар Сурия низ ҳамин аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG