Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 11 сентябр Олег Ширинбеков, сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва яке аз мураббиёни тими миллии футболи Тоҷикистон, 50-сола шуд.

Олег Ширинбеков 11-уми сентябри соли 1963 дар ноҳияи Шаҳринави Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1984 ба ҳайати «Помир»-и Душанбе дохил шуд ва дар муддати се сол 96 бозӣ карда, 11 гол задааст. Соли 1987 Ширинбеков ба дастаи «Торпедо»-и Маскав қабул шуд ва дар ҳайати он дар чемпионати СССР ва Русия 158 бозӣ карда, 13 гол задааст. Баъдан Ширинбеков дар дастаҳои «Вашаш»-и Маҷористон ва «Торпедо -ЗИЛ» ҳунарнамоӣ кардааст.

Ӯ соли 1988 барандаи медали биринҷии чемпионати Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои 1988, 1989 ва 1991 финалисти Ҷоми СССР гардидааст. Вай соли 1988 ба рӯйхати 33 футболбози беҳтарини СССР дар мавсим дохил шудааст. Ширинбеков моҳи ноябри соли 1988 дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ се бозӣ анҷом додааст. Вай солҳои 1996-1997 дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон муқобили тимҳои миллии Узбакистон ва Куриёи Ҷанубӣ бозӣ кардааст.

Олег Ширинбеков ба вазифаи сармураббии дастаи “Истиқлол” ва мураббии калони тими мунтахаби миллии Тоҷикистон рӯзи 17 июли соли равон таъйин шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG