Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: Ҳарду ҷониб дар Сурия даст ба ҷиноёти низомӣ задаанд


Дар низоъ дар Сурия ҳарду ҷониби даргир дар ҷиноёти низомӣ ва нақзи қавонини байнулмилалӣ гунаҳкоранд. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе Пауло Пинҳейро, раиси комиссиюни СММ, ки нақзи ҳуқуқи башарро дар Сурия пажуҳиш мекунад, зимни муаррифии гузориши нави комиссиюн хабар дод. Дар ин гузориш далелҳои аз сӯи нерӯҳои ҳукуматии Димишқ кушта шудани мардуми осоишта ва бомбборони бемористонҳо оварда шудааст. Муаллифон иттилоъ дар бораи аз сӯи мухолифини мусаллаҳ, аз ҷумла, хориҷиёни муттаҳидини онҳо, эъдом шудани асирон, гаравгон гирифтани одамон ва тирборони маҳаллаҳои аҳолинишинро низ ҷамъ овардаанд.

Ин гузориш давраи аз 15 май то 15 июли соли равонро дарбар мегирад.

Рӯзи чаҳоршанбе ҳайатҳои Бритониё, Фаронса ва ИМА баррасии тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба Сурияро, ки аз сӯи Порис таҳия шудааст, шурӯъ намуданд. Ин тарҳ ба зудӣ ба Русия ва Чин ироа мешавад. Қарор аст, ки онро рӯзи панҷшанбе вазирони умури хориҷиии Амрикову Русия Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров муҳокима кунанд. Дар ин санад аз Димишқ тақозо шудааст, ки тайи 15 рӯз дари ҳама муассисаҳои кимиёвии худро ба рӯи нозирони СММ боз намояд. Дар акси ҳол, омадааст дар тарҳ, алайҳи режими Башор Асад чораҳои муҷозотӣ – аз таҳримҳо то дахолати низомӣ, ки банди 7 Ойинномаи СММ пешбинӣ кардааст, андешида мешаванд. Тарҳи таҳиякардаи Фаронса ҳамчунин тақозо дорад, ки асноди марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия ба хотири ошкор кардани ҷиноёти эҳтимолии низомӣ ба Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ё Гаага супурда шавад.

Рӯзи сешанбе Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ваъда дод, ки пешниҳоди Русия дар бораи зери назорати байнулмилалӣ қарор додани захираи силоҳи кимиёвии Сурияро меомӯзад. Ҳамзамон Обама ҳушдор дод, то он замоне, ки талошҳои дипломатӣ муассир будани худро собит накунанд, нерӯҳои ИМА барои зарбаи фаврӣ задан ба муассисаҳои низомии Сурия омода боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG