Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Деҳлӣ ҳукми муҷримон дар таҷовуз эълон мешавад


Дар мурофиаи додгоҳии муҷримони таҷовуз ба номуси як духтари 23-сола дар шаҳри Деҳлӣ айбдоркунанда хостори ҳукми эъдоми чаҳор ҷавони муттаҳам шуд. Вакилони дифоъ пойфишорӣ доранд, ки додгоҳ бо ҳабси абад барои афроди зери ҳимояташон иктифо кунад. Нафаре аз муҷримон гуноҳи худро ба гардан нагирифтааст. Қарор аст, ки ҳукми додгоҳ имрӯз эълон шавад.

16-уми декабри соли гузашта гурӯҳи шашнафара духтари 23-соларо дар дохили як автобус ба таври дастаҷамъӣ тавоҷуз намуда, баъд ба берун ҳаво додаанд. Бар илова ронандаи автобус кӯшиш кардааст, ки бо автобус аз болои таҷовузшуда гузарад. Ин духтар, ки донишҷӯ будааст, бар асари ҷароҳатҳои сангин дар як бемористони Сингапур аз олам даргузашт. Бо эълони марги ӯ дар саросари Ҳиндустон эътирозҳо алайҳи нақзи ҳуқуқи занон дар кишвар доир шудаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса мақомоти полис шаш нафарро боздошт карданд. Моҳи августи соли равон додгоҳ оид ба кори ноболиғон як узви гурӯҳро, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят синнаш ба 18 нарасида буд, ба се соли маҳбас маҳкум намуд. Як муҷрими дигар моҳи март худро дар ҳуҷраи зиндон ҳалқовез кард.
XS
SM
MD
LG