Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Кобул аз хабари раҳоии Мулло Абдулғанӣ Бародар


Ҳукумати Афғонистон аз изҳороти мақомоти Покистони ҳамсоя дар бораи омодагияшон барои раҳо кардани муовини раҳбари ҷунбиши “Толибон” Мулло Абдулғанӣ Бародар истиқбол кард. Вазорати умури хориҷии Афғонистон бо пахши як изҳорот эълом дошт, ки озод кардани Бародар ба раванди сулҳ дар Афғонистон мусоидат хоҳад кард. Намояндаи раисиҷумҳур Ҳомид Карзай ҳам гуфт, ки раҳоии фармондеҳи маъруф умедро барои расидан ба оштӣ дар Афғонистон бештар мекунад.

Сартоҷ Азиз, мушовири умури хориҷии сарвазири Покистон Навоз Шариф рӯзи сешанбе ба хабаргузориии Рейтер гуфт, кишвараш барои раҳоии Мулло Абдулғанӣ Бародар ризоият дода, танҳо муайян кардани фурсати иҷрои ин дархост мондааст

Покистон дар як соли гузашта аллакай 33 толиби маҳбус, аз ҷумла собиқ вазири адлияи Толибон Нуриддин Туробиро озод кард. Ахиран Исломобод эълон дошт, ки ҳафт нафари дигари ин ҷунбиш, аз ҷумла фармондеҳи шинохта Мансур Додуллоҳро низ озод мекунад ва ҳадафаш мусоидат ба раванди оштӣ дар Афғонистон дар ростои хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз ин кишвар дар соли 2014 аст.

Аз ин пеш мақомоти Афғонистон чандин бор аз Исломобод хостори раҳоии Мулло Абдулғанӣ Бародар шудаанд, ки чанд сол боз дар зиндон ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG