Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз қурбониёни бузургтарин ҳамла дар таърих ёд меоварад


Имрӯз мардуми Амрико аз қурбониёни ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ба Ню-Йорк ва Вошингтон ёд меоваранд. Маросими ёдбуд бо ширкати хонаводаҳои қурбониён, наҷотбахшон ва қаҳрамонони он рӯзҳои фоҷиабор дар маҷмаи миллие баргузор мешавад, ки дар даҳумин солгарди ин ҳамлаҳо ифтитоҳ шуда буд. Шом дар Ню-Йорк ду нури азим сӯи фазо равона хоҳад шуд, ки рамзи биноҳои тахрибшудаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат мебошад. Ин нурҳо то субҳ дар масофаи 50 километр дур аз шаҳр намудор хоҳанд буд.

Дар ИМА рӯзи 11 сентябр чораҳои шадиди амниятӣ андешида шудаанд. Ҳамчунин барои таъмини амнияти сафоратхонаву намояндагиҳои ИМА дар дигар кишварҳо нерӯҳои иловагиро сафарбар кардаанд. Соли гузашта рӯзи 11 сентябр афроди мусаллаҳ ба консулгарии ИМА дар шаҳри Бенғозии Либия ҳамла карданд, ки дар натиҷа чаҳор амрикоӣ, аз ҷумла, сафари кишвар дар Либия Кристофер Стивенс ба ҳалокат расиданд.

11 сентябри соли 2001 бар асари ба биноҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар Ню-Йорк ва бинои Пентагон дар Вошингтон равона кардани ҳавопаймоҳои рабудашуда ва таркиши як ҳавопаймои дигар дар ҳарими аёлати Пенсилвания тақрибан се ҳазор нафар ба ҳалкоат расиданд. ИМА дар ташкили ин ҳамлаҳо шабакаи “Ал-Қоида”-ро айбдор мехонад.
XS
SM
MD
LG