Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИР: "Даъвоҳои Зойиров асос надоранд"


Раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон (КМИР) ар як посухи катбӣ даъвоҳои Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал- демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) дар бораи шумора ва ҷамъоварии имзои муҳоҷиронро беасос хонд.

Абдуманнон Додоев ба Радиои «Озодӣ» гуфт, даъвои раиси ҲСДТ дар бораи шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ва ҳуқуқи онҳо барои ҷонибдории номзади пешбаришаванда ба мансаби президенти Тоҷикистон омори расмӣ ва қонунгузории Тоҷикистонро таҳриф мекунад. Вай афзуд, бино ба иттилои расмӣ, теъдоди муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия аз 800 то 900 ҳазор аст ва рақами Раҳматулло Зойиров - 1,5 миллион, ки гӯё дар шаҳри Москва дастрас кардааст, беасос мебошад. Вай афзуд, дар Русия аксаран муҳоҷирини меҳнатӣ мавсимӣ кор мекунанд ва қисмати бузурги онҳо моҳҳои октябр ва ноябр ба ватан бармегарданд.

Қаблан Раҳматулло Зойиров эълон дошта буд, ки агар КМИР ҷамъоварии имзоҳои муҳоҷирини меҳнатӣ ба нафъи номзад ба мақоми президентиро иҷозат надиҳад, ба гумони ғолиб, интихоботро таҳрим хоҳад кард.

Аммо Абдуманнон Додоев мегӯяд, тибқи моддаи 25 – и Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон бланкаҳо бо имзоҳои шаҳрвандон барои дастгирии номзад ба мансаби президент бояд аз сӯи раисони шаҳру ноҳияҳо бо муҳр тасдиқ карда шаванд. Вай афзуд, тибқи талаботи банди 5, моддаи 24 – и ин қонун «ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда мувофиқи тартиб ва муҳлате, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар кардааст, сурат мегирад».

Раиси дастгоҳи КМИР афзуд, ҳамчунин тибқи қонун ниҳоде то ба ҳол вуҷуд надорад, ки имзои муҳоҷирини меҳнатиро расман тасдиқ кунад ва муҳимтар аз ҳама, дар вақти зарурӣ аз тамоми шаҳрҳои Русия, ки дар фосилаҳои хеле дур аз ҳамдигар ҷойгиранд, ба КМИР расонад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон 31 август муҳлати пешбарии номзадҳо ва пешниҳоди 210 ҳазор имзои ҷонибдорони онҳоро 7 октябр муайян кардааст. Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистогн 6 ноябри соли равон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG