Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Урдун Узбакистонро дар Тошканд ноком кард


Шоми сешанбе дастаи мунтахаби футболи Урдун дар шаҳри Тошканд дастаи Узбакистонро шикаст дода, ба даври навбатии бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии соли 2014-ум роҳхат гирифт.

Навад дақиқаи қуваозмоӣ ба мисли бозии авввал бо ҳисоби 1 ба 1 анҷом ёфт. Вақти иловагӣ ҳам дастаи пирӯзро муайян накард, вале дар зарбаҳои 11-метра дастаи Урдун комёб шуд.

Акнун футболбозони Урдун бо яке аз дастаҳои беҳтарини гурӯҳи Амрикои Ҷанубӣ барои роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки соли оянда дар Бразилия барпо мешавад, қуваозмоӣ мекунад.

Аз қораи Осиё аллакай Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Япония (Ҷопон) соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳонӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG