Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари Чин ба Қирғизистон рафт


 Си Ҷинпинг ва Алмосбек Отамбоев

Си Ҷинпинг ва Алмосбек Отамбоев

Рӯзи сешанбе Си Ҷинпинг барои аввалин бор дар мақоми раҳбари Чин аз Қирғизистон зиёрат кард. Дар давоми боздиди чоррӯза ӯ бо президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев таҳкими ҳамкориҳои миёни ду кишварро баррасӣ мекунад.

Ҳамчунон рӯзи ҷумъа раҳбари Чин дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангҳай ширкат хоҳад дошт.

Қабл аз Қирғизистон Си дар Узбакистон бо президенти ин кишвар Ислом Каримов вохӯрда, дар созишҳои сармоягузории 15 миллиард доллар дар соҳаҳои калидии иқтисоди Узбакистон ба монанди нафту газ ва истихроҷи уран имзо гузошт.

Пеш аз он раҳбари Чин аз Туркманистону Қазоқистон зиёрат намуда, дар шаҳри Санкт Петербурги Русия дар нишасти раҳбарони бист кишвари саноатии олам маъруф бо номи G-20 ҳузур дошт.
XS
SM
MD
LG