Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия тарҳи пешниҳодии Русияро пазируфт


Ҳукумати Сурия мегӯяд, ба тарҳи назорати байналмилалии захираҳои аслиҳаи кимиёвии он кишвар ризоият додааст. Дар ин бора Волид ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, дар Маскав хабар додааст. Пештар аз ин Русия гуфт, сари як тарҳи «возеҳу мушаххас» дар мавриди таҳти назорати байналмилалӣ гирифтани захираҳои аслиҳаи кимиёвии Сурия кор мекунад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи сешанбе гуфт:“Мо умедворем, ин тарҳро ба зудӣ пешниҳод кунем ва омодаем, ки онро бо ширкати дабири кулли Созмони Милал, Созмони Байналмилалии Манъи Аслиҳаи Кимиёвӣ ва аъзои Шӯрои Амният, бознигарӣ ва комил кунем." Пешниҳоди Русия барои таслими аслиҳаи кимиёвии Сурияро, Амрико боэҳтиёт истиқбол кард. Барак Обама раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, гуфт, «мумкин аст, ба пешрафт» ноил шавем, вала ҳамзамон гуфт, шояд ин пешниҳод барои кашолкорӣ ва эҷоди монеа бошад." Мухолифони давлати Сурия ин тарҳро “як ҳиллаи сиёсӣ” хондаанд. Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, барои истифодаи эҳтимолии аслиҳаи кимиёвӣ дар наздикии Димишқ, ки рӯзи 21 август, бештар аз 1400 нафарро кушт, алайҳи ҳукумати Сурия иқдоми низомӣ сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG