Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ:"Аз ҳаққи ҳастаии мардум кӯтоҳ намеоем"


Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, гуфтааст, ки ҳукумат дар музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ “аз ҳаққи ҳастаии мардум як зарра кӯтоҳ намеояд”. Ӯ зимни суханронӣ дар ҳузури рӯҳониён дар шаҳри Теҳрон гуфт, кишварҳои ғарбӣ бояд бидонанд, ки “кор бо таҳриму фишор пеш намеравад”. Ҳасан Рӯҳонӣ афзудааст, агар кишварҳои ғарбӣ “забони мантиқу далел ва маслиҳатро” истифода кунад, Теҳрон ҳам омода аст, бо “забони хираду маслиҳат ва мантиқ” посух бидиҳад. Охири ҳамин моҳ, Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ва Кетрин Эштон масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, дар шаҳри Ню Йорк, масъалаи аз сар гирифтани музокирот дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эронро баррасӣ мекунанд. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад, зери пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаъоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG