Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ё Эмомалӣ Шарипович?


Агарчӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 5 сол пеш, пасванди русии «ов»-аз номи хеш ҳазф кард ва расман номи Эмомалӣ Раҳмонро гирифт, вале то кунун теъдоде аз раҳбарони кишварҳои шӯравии собиқ зоҳиран номи дурусти ӯро «намедонанд».

То соли 2008 исми комили раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов буд ва дар он сол, ӯ гуфт, ки барои бозгашт ба решаҳои таърихии миллати тоҷик бояд, аз истифодаи пасвандҳои русӣ даст кашид. Ӯ исмашро ба Эмомалӣ Раҳмон табдил дод, вале дар чанд номаи расмии шодбошӣ ба муносибати 22-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, ки аз номи раҳбарони кишварҳои шӯравии собиқ ба ӯ расидааст, номи пешинааш дида мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ё Эмомалӣ Шарипович?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00
Линки мустақим


Аз ҷумла номаи шодбошии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ки дар торнамои раиси ҷумҳури Тоҷикистон нашр шудааст, бо муроҷиати: «Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович» шурӯъ мешавад. Айни муроҷиат дар номаҳои Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, аз Туркманистон ва Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина дида мешавад, ки ҳама бо ибораи «Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович» шурӯъ мешаванд. Нурсултон Назарбоев бо ин ном ду бор ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардааст.

Танҳо раисиҷумҳур аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки номи дурусти раисиҷумҳури Тоҷикистонро «медонистааст», Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон аст, ки дар номаи табрикии худ ба муносибати 22-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба ӯ ҳамчун «Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» хитоб кардааст. Дар дигар номаҳои шодбошӣ низ, «хатои» раҳбарони кишварҳои шӯравии собиқ мушоҳида намешавад, аз ҷумла Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ва Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳурии Чин ба Эмомалӣ Раҳмон, «Мӯҳтарам ҷаноби президент» муроҷиат кардаанд. Ҳасан Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар номааш ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун «Ҷаноби Олӣ» ва Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, ҳамчун «Бародари мӯҳтарам, Оқои Раисҷумҳур» хитоб кардаанд.

Як дипломати тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мумкин аст, чунин муроҷиати «хато» аз расми қадима дар қаламрави кишварҳои шӯравии собиқ бармеояд, ки аксарият дар номҳои миллии худ, пасванди «ов» ва «вич»-и забони русиро доштанд ва ба якдигар бо номи асливу номи падарӣ муроҷиат мекарданд, (масалан Карим Салимович) аммо ба қавли ӯ, чунин муроҷиат дар санадҳои расмӣ аз назари дипломатӣ ва ҳуқуқӣ дуруст нест. Ба қавли ӯ, дар санадҳои ҳуқуқии оддӣ, чӣ расад ба асноди байнидавлатӣ, ҳатто агар як ҳарф иштибоҳ бошад, тараф метавонад, бигӯяд, ки ин фард ман нестам ва санади мазкур наметавонад, мақоми ҳуқуқӣ бигирад ва қобили қабул бошад.
XS
SM
MD
LG