Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 2 нафар бо иттиҳоми қатли адибаи ҳиндӣ


Маъмурони пулиси Афғонистон ду тундрави исломиро бо иттиҳоми қатли Сушмито Банирҷи, адибаи маъруфи ҳиндӣ боздошт кардаанд. Мақомоти расмии вилояти Пактико рӯзи сешанбе гуфтанд, ки муттаҳамон ба қатли адибаи шинохта, аъзои созмони шарик бо Толибон, шабакаи Ҳаққонӣ будаанд, ки ҳузураш дар Пактико зиёд аст. Сушмита Банирҷии 49-соларо ҳафтаи гузашта бо зарби тири туфанг куштанд. Хотираҳои адибаи ҳиндӣ дар бораи раҳоиаш аз асорати Толибон дар соли 1995 ба китоб ва соли 2003 ба достони филми ҳиндӣ табдил шуд. Ба гуфтаи мақомоти Пактико, муттаҳамон эътироф кардаанд, ки ба онҳо амр додаанд, адибаро бикушанд, зеро филм “тавҳин ба Толибон будааст.” Сушмита Бенерҷи бо тоҷири афғоне издивоҷ карда буд ва чанде пеш барои зиндагӣ бо ӯ ба Афғонистон кӯч баст.
XS
SM
MD
LG