Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси баёнияи Саркиссиён дар порлумони Арманистон


Порлумони Арманистон имрӯз баёнияи раиси ҷумҳур Серж Саркиссиёнро баррасӣ мекунад, ки ҳафтаи гузашта гуфт, кишвараш қасд дорад, ба Иттиҳоди Гумрукии ба раҳбарии Русия бипайвандад. Вакилони мардумӣ Эдуард Наълбандиён, вазири умури хориҷаи Арманистонро ба порлумон хондаанд, то шарҳ бидиҳад, ки чаро қарор барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо бе машварат бо порлумон қабул шудааст. Масъалаи мазкурро вакилони мухолифи давлат матраҳ кардаанд ва нишаст низ паси дарҳои баста сурат мегирад. Ба Иттиҳодияи Гумрукӣ, Русияву Белорус ва Қазоқистон шомиланд. Аз ин пеш дар рӯзи ҷумъа, Стефан Фюле, масъули умури густариши Иттиҳодияи Аврупо гуфт, масъулиятҳои Арманистон дар баробари Иттиҳоди Гумрукӣ ба шароити Аҳдномаи мушорикат бо Иттиҳодияи Аврупо мувофиқат намекунад, ки Арманистон мехоҳад, имзо кунад.
XS
SM
MD
LG