Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамае дар Эрон 44 нафар кушта шудаанд


Бино ба гузориши телевизиони давлатии Эрон, бар асари бархӯрди ду автобуси байнишаҳрӣ дар наздикии Теҳрон, 44 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Бар асоси ин гузориш, садама шоми душанбе рух додааст. Яке аз автобусҳо бинобар кӯҳна будани чархҳояш ба роҳи муқобил лағжида ва ба автобуси дигар бархӯрдааст ва ҳарду ҳам оташ гирифтаанд. Дар Эрон, ки роҳҳояш аз роҳҳои маргбортарин дар ҷаҳон дониста мешавад, солона дар садамаҳои нақлиётӣ бештар аз 20 ҳазор нафар мемиранд.
XS
SM
MD
LG