Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама тарҳи Русияро "билқувва мусбат" хонд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, мегӯяд, тарҳи Русия барои назорати байналмилалии аслиҳаи кимиёвии Сурия “билқувва мусбат” аст, вале мумкин аст, ки шевае барои кашолкорӣ бошад. Барак Обама дар мусоҳибае бо телевизиони PBS-и Амрико гуфт, доир ба ин пешниҳод бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар гузашта гуфтугӯ кардаст. Барак Обама ҷиҳати ба даст овардани ҳимоят барои амалиёти низомӣ алайҳи Сурия, рӯзи душанбе чанд мусоҳибаи телевизионӣ дод ва айни замон вакилони мардумии Амрико, масъалаи иҷоза додан ба ин чунин амалиётро баррасӣ мекунанд. Барак Обама аз конгресси Амрико хостааст, бинобар истифодаи эҳтимолии аслиҳаи кимиёвӣ аз тарафи ҳукумати Сурия алайҳи ин кишвар иқдоми низомӣ сурат бигирад. Дар миёни баҳсҳои таслими эҳтимолии аслиҳаи кимиёвӣ аз тарафи Сурия, Ҳарри Риид, раҳбари аксарияти демократҳо дар сенат, раъйдиҳӣ дар мавриди дархости Барака Обамаро то рӯзи чаҳоршанбе ба таъхир андохт.
XS
SM
MD
LG