Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз мусофирони тоҷик маҳсулоти "зарарнок" дарёфт кардаанд


Мақомоти Хадамоти федероли назорати байторӣ ва фитосанитарии Русия (Росселхознадзор) дар як гузаргоҳи гумрукӣ дар фурудгоҳи шаҳри Қазон маҳсулоти «зарарнок»-ро мусодира кардаанд.

Дар ин бора имрӯз 10-уми сентябр маъмурони ин ниҳод ба хабаргузориҳои русӣ иттилоъ додаанд. Ба гуфти манбаъ ин маҳсулотро ҳангоми азназаргузарони борхалтаҳои дастӣ ва бағоҷи мусофирон, ки гуфта мешавад шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистонанд дарёфт кардаанд.

«Ҳангоми азназаргузарони бағоҷи мусофирон, ки аз Тоҷикистон ва Узбакситон меомаданд 237 килло маҳсулоти донагӣ ва хӯрока – хушкмева, чормағз, мевагӣ, донагӣ, тухми зироат ва ғайра дарёфт шудааст. Воридоти ин маҳсулот ба қаламрави Рӯсия бо қарори Хадамоти федероли назорати байторӣ ва фитосанитарии Русия мувақатан маҳдуд аст.», гуфтаанд масъулони ин ниҳод.

Ин маҳсулот дар оташдонҳои фурӯдгоҳ бо иштироки нозирон нобуд карда шудааст.

Хадамоти федероли назорати байторӣ ва фитосанитарии Русия дар торнамои худ хабар додааст, ки ин мавод аз мағзу чормағз, хушкмева, сабзавот, тухмии сабзавоту гул иборат будааст. Ин идораи давлатии Русия сар аз 16-уми апрели соли 2012 интиқоли чунин маводро аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Озорбойҷон ба Русия манъ кард ва гуфт, барои кашфи он бағоч ва бори дастаии мусофирон аз ин се кишвар мавриди кофтуков қарор хоҳад гирифт. Бархе аз мусофирон аз Тоҷикистон барои давраи муҳоҷирати худ дар Русия барои худ ғизо (хушкмева ва сабзиҷот) меоранд, ки акнун метавонад, мусодира мешавад.

Ҳамчунин бархе аз мусофирон миқдоре аз ин маводро барои фурӯш вориди Русия мекунанд. Ин маҳсулоти мусодирашуда гуфта нашудаст барои фурӯш ворид шудааст ё мусофирон барои истеъмоли худ бурдаанд. Манъи ворид кардани чанд номгӯи маҳсулот ба Русия аз ин кишварҳо дар ҳоле буд, ки ҳамасола даҳҳо тонна маҳсулоти донагӣ ва хушкмеваи Тоҷикистон ба бозорҳои ин икшвар ворид карда мешуд.

Дар ҳоле ки пас аз ин эълон интиқоли маводи мамнӯъ аз Узбакистону Озарбойҷон коҳиш ёфтааст, мусофирон аз Тоҷикистон ҳамоно кӯшиш мекунанд, хушкмева ва ниҳолҳои мевагию ороиширо ба Русия ворид кунанд. Хадамоти федероли назорати байторӣ ва фитосанитарии Русия мегӯяд, танҳо дар як ҳолат ба интиқоли ин мавод иҷозат медиҳад, ки агар онҳо дорои сертификатҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалӣ бошанд.
XS
SM
MD
LG