Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар тамрини "Офати табиӣ - 2013"


Тоҷикистонро дар тамрини байналмилалии "Офати табиӣ - 2013" дар Қирғизистон
ҳайате аз гурӯҳи Маркази наҷоти Кумитаи вазъи фавқуллодаи Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.

Масъулони Маркази наҷоти Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 10 сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "наҷотдиҳандагони тоҷик дар раъси Сайфулло Миров, раиси Маркази наҷоти Тоҷикистон рӯзи гузашта ба рустои Тамчи минтақаи Иссиқкули Қирғизистон сафар намуданд".

Ба гуфтаи ин манбаъ "наҷотдиҳандагони тоҷик дар канори дигар гурӯҳҳои наҷоти кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар тамрини "Офати табиӣ - 2013" ширкат намуда маҳорати худро сайқал хоҳанд дод.

Тамрини байналмилалии "Офтаи табиӣ - 2013", ки дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой сурат мегирад, ба таърихи 11 сентябр дар рустои Тамчи ноҳияи Иссиқкули Қирғизистон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG