Пайвандҳои дастрасӣ

Димишқ пешниҳоди Маскавро пазируфт


Сергей Лавров ва Валид ал-Муаллим

Сергей Лавров ва Валид ал-Муаллим

Мақомоти Сурия аз пешниҳоди Русия барои таҳти назорати байнулмиллалӣ қарор додани силоҳи кимиёвии Димишқ истиқбол карданд. Дар ин бора хабаргузории ИТАР-ТАСС бо такя ба изҳороти вазири умури хориҷаи Сурия Валид ал-Муаллим иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ӯ, пешниҳоди Маскав бо назардошти талоши Димишқ барои аз хушунат эмин нигаҳ доштани суриягиҳо ва таъмини амнияти кишвар ироа шудааст.

Аз ин пеш Русия аз Сурия даъват карда буд, ки силоҳи кимиёвии худро таҳти назорати байнулмилалӣ гузорад, аммо ба шарте, ки ин чора аз дахолати низомии беруна ҷилавгирӣ кунад. Изҳороти вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар ин бора ба думболи мулоқоташ бо ҳамтои суриягияш Валид ал-Муаллим нашр шуд. Маскав ҳамчунин аз Димишқ даъват кардааст, ки силоҳи қатли оми худро ба тадриҷ нобуд созад ва пурра ба Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ ҳамроҳ шавад.

Рӯзи душанбе вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ изҳор кард, ки агар режими раисиҷумҳур Башор Асад тайи як ҳафта силоҳи кимиёвии дар ихтиёр доштаро супорад, аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ ба Сурия ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Башор Асад, ки даст доштани нерӯҳояш ба ҳамлаи кимиёвиро рад мекунад, рӯзи душанбе бори дигар Вошингтонро аз паёмадҳои ногувори амалиёти низомӣ алайҳи Сурия ҳушдор дод.
XS
SM
MD
LG