Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Родман духтарча доштани Ким Чен Инро ошкор кард


Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин соҳиби духтарча аст, ки Чу И ном дорад. Дар ин бора баскетболбози маъруфи амрикоӣ Деннис Родман, ки ҳафтаи гузашта ба Кореяи Шимолӣ сафар карда буд, хабар дод. Хабаргузории Reuters навиштааст, соли гузашта расонаҳои Пхенян акси раҳбари кишвар ва хонуми ӯро нашр карда буданд ва дар он баръало буд, ки ҳамсари Ким Чен Ин ҳомиладор аст. Аммо ин иттилоъ то ҳол расман тайид нашудааст.

Деннис Родман ба нашрияи The Guardian, чопи Лондон, гуфт, ҳамроҳ бо раҳбари Кореяи Шимолӣ дар соҳили баҳр истироҳат карданд ва атрофи бозии таърихӣ оид ба бескетбол миёни ИМА ва Кореяи Шимолӣ, ки бояд баргузор шавад, гуфтугӯ доштанд.

Шабакаи телевизионии CNN мегӯяд, дар шароити интиқоли қудрати сулолавӣ дар Кореяи Шимолӣ метавонад раҳбари навбатии кишвар зан бошанд.

Рӯзи душанбе Ким Чен Ин ба ҳайси сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Кореяи Шимолӣ паради низомӣ ба шарафи 65-умин солгард аз таъсиси кишварро қабул кард.
XS
SM
MD
LG