Пайвандҳои дастрасӣ

Назари таҳлилгарон ба номзадии Ойниҳол Бобоназарова


Коршиносон мегӯянд, ки пешбарии як зан ба мақоми раисиҷумҳур баёнгари ба зинаи нави тафаккури сиёсӣ баромадани ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ҳуқуқшиноси маъруф Ойниҳол Бобоназарова намояндагӣ хоҳад кард. Дар бораи номзади ягонаи мухолифин ҳизбу созмонҳои узви ин эътилоф рӯзи 9 сентябр дар нишасти навбатии худ тасмим гирифтанд. Қарор аст, ки имрӯз хонум Бобоназарова расман номзади ягонаи ин Иттиҳод эълон шавад.
Ба гуфтаи масъулини Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон онҳо Ойниҳол Бобоназароваро аз миёни ҳашт номзади эҳтимолӣ интихоб намуданд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ин пешниҳод далолат бар он дорад, ки аҳзоби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон метавонанд сари як хулоса расанд ва тасмими дуруст бигиранд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, ки “Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон аз Ойниҳол Бобоназарова дида номзади арзандатар наёфтааст, зеро ӯ дар воқеъ назар ба ҳамаи онҳо боғайраттар, босаводтар ва ботаҷрибатар мебошад". Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, масъулини Иттиҳод
Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров

медонанд, ки “ҷомеаи Тоҷикистон ба занҳо эътимоди бештар дорад ва ҳамчунин дар таҷрибаи сиёсии Тоҷикистон набуда, ки зан дар маснади раисиҷумҳурӣ бошад”. Бо пешбарии хонум Бобоназарова ба мақоми президентӣ, ба гуфтаи Сайфулло Сафаров, “Тоҷикистон ба як зинаи нави тафаккури сиёсӣ хоҳад баромад ва занҳо низ дар сафи мардҳо дар муборизаҳои шадиди сиёсӣ барои мақоми олӣ ширкат хоҳанд кард”.

Темур Варқӣ, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷики муқими Маскав мегӯяд, аз ибтидои таъсиси Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон эълон шуда буд, ки раҳбарони он, аз ҷумла, раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров дар интихобот ширкат наxоҳанд кард ва аз пайи пайдо кардани номзади ягонаи мухолифин хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин аз як сӯ, баёнгари хирадмандии раҳбарони эътилоф аст ва аз сӯи дигар нишон медиҳад, дар Тоҷикистон афроди арзанда ба мақоми олӣ аз миёни ҷонибдорони нерӯҳои ислоҳотхоҳ кам нестанд.


Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва сарвари созмони “Перспектива +” аст.
Ойниҳол Бобоназарова соли 1948 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омада, соли 1971 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатиро хатм кардааст. То соли 1976 дар аспирантураи Академияи улум кору таҳсил карда, баъди дифоъ аз рисолаи номзадиаш ба ҳайси устод дар риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатӣ ба кор пардохт ва то мақоми декани ин факулта расид. Соли 1990, дар пайи таъсиси ҳизби демократи Шодмон Юсуф ба ин ҳизб пайваст.

Соли 1994, дар пайи ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, тақрибан барои як моҳ боздошт шуд. Аз соли 1996 то 2004 ба сифати мушовири намояндагии САҲА дар масоили ҳуқуқи башар кор кардааст. Аз ҳамон сол то соли 2007 раҳбарии раёсати намояндагии Сандуқи Сорос дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Аз соли 2007 раҳбари созмони ғайридавлатии “Перспектива +”, ки дар ҳоли ҳозир яке аз созмонҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин, ба мақоми муовини додситони кулл пешбарӣ шуд, вале ин мақомро напазируфт.

Шавҳараш Ҷунайдулло Ибодов аз ҳуқуқшиносҳои маъруфи тоҷик аст. Духтараш Парвина Ибодова раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет буда, писараш Ҷовид дар Шӯрои адлия кор мекунад. Домоду келинаш низ ҳуқуқшиносанд.Ойниҳол Бобоназарова 4 набера дорад.

Мусоҳиби мо сабаби аз пешбарии номзадии худ ба мақоми раисиҷумҳурӣ худдорӣ варзидани Муҳиддин Кабириро бо он омил марбут мекунад, ки раҳбари ҲНИТ аз имкони тақсим шудани ҷомеъаи Тоҷикистон ба ҷонибдорони ҷомеъаи дунявӣ ва ҷомеъаи исломӣ андеша мекард. Ин гуна тақсим шудани ҷомеъа дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ метавонад барои Тоҷикистон паёмади ногувор дошта бошад, мегӯяд таҳлилгар

Аз нигоҳи Темур Варқӣ, эълони Раҳматулло Зоиров дар бораи он ки мехоҳад
Темур Варқӣ

Темур Варқӣ

номзадии худро ба мақоми раисиҷумҳурӣ пешбарӣ кунад, мақомоти Тоҷикистонро фирефта кард, зеро дар долонҳои ҳукумат ҳадс мезаданд, ки алайҳи кӣ бояд парвандаи ҷиноӣ боз кунанд, киро таъқиб намоянд, зидди кӣ “компромат” ҷамъ оваранд. Ба истилоҳи дигар, ӯ худро “қурбон” кард, то ки ҳукумат то лаҳзаҳои ахир дар бораи номзади ягонаи мухолифин иттилоъ надошта бошад.

Таҳлилгар меафзояд, аз миёни ҳашт нафаре, ки номзадияшон аз сӯи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ баррасӣ мешуд, Ойниҳол Бобоназарова воқеъан арзандатарин аст. “Ӯ сари гаҳвораи демократия дар Тоҷикистон ва гаҳвораи истиқлолияти кишвар нишаста буд ва таҷрибаи бойи сиёсӣ ва ҳам таҷрибаи бойи дифоъ аз ҳуқуқи башарро дорад, зеро муддати тулонӣ аз масъулини дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон буд, Муҳимтар аз ҳама хонум Бобоназарова миёни мардум обрӯи зиёд дорад”. Темур Варқӣ мегӯяд, ҳангоми интихоботи номзадии ӯ он омил ҳам ба назар гирифта шудааст, ки хонум Ойниҳол аз мардонагӣ ва матонату устувории сиёсӣ бархурдор аст.

Дар ҳамин ҳол бархе аз сиёсатмадорону коршиносон ба пирӯз шудани зан дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ шак доранд. Галия Рабиева, муовини раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз ҳам дар ҷомеъаи Тоҷикистон анъанаҳое боқӣ мондаанд, ки зан нигаҳбони чароғи хонадон аст ва аз ин рӯ духтарро дар рӯҳияи
Галия Рабиева

Галия Рабиева

хоксориву итоаткорӣ тарбият мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, “дар Тоҷкиистон теъдоди занҳои раҳбар афзоиш меёбад, вале ба ҳар сурат ба ҷомеъаи Тоҷикистон барои раҳбари аввал шудани зан як таҳаввули хело ҷиддӣ дар афкор зарур аст”. Сиёсатмадори тоҷик меафзояд, “ҳарчанд дар бархе кишварҳои осиёвӣ ва аврупоӣ занҳо дар мақоми аввал буданду ҳастанд, ин мақом ба хонумҳо ба душворӣ даст медиҳад, бигирем, дар Амрико то ҳол ягон зан барои дарёфти курсии президентӣ муваффақ нашудааст”.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, ҳам мегӯяд, ки “Ойниҳол Бобоназарова шахси номдору сазовор аст ва таҷрибаи бой дорад, аммо ҷомеъа то ҳол барои тарафдории зан дар ин мақоми воло омода нест”. Ӯ меафзояд, ҳарчанд ҳукумат дар бораи ҷойгоҳи занҳо дар ҷомеъаи ҳарф мезанад аммо теъдоди занҳои мансабдор андак аст ва “чун ҷомеъаи Тоҷикистон як ҷомеъаи суннатӣ аст, ин гуна имкониятҳо, яъне сарвари аввал будани зан ҷиддӣ гирифта намешаванд”. Мусоҳиби мо мегӯяд, то имрӯз дар Осиёи Марказӣ фақат Роза Отунбоева сарварии Қирғизистонро бар дӯш дошт ва аммо он солҳо вазъи сиёсӣ ба майдони омадани як шахси бетарафро тақозо мекард ва ҳама медонистанд, ки хонум Отунбоева барои Қирғизистон як раҳбари муваққат аст.

Вале Сайфулло Сафаров мегӯяд, ақидаи суннатӣ будани ҷомеъаи Тоҷикистон аз сӯи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ шикаста шуд ва ин “бадие надорад, зеро муносибати назарногирона ба занон бояд аз байн бурда шавад ва дар интихобот ҳатман номзадҳои зан ҳам бошанд”. Ин омил, ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик, дигар занҳоро дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолтар хоҳад кард. Темур Варқӣ ҳам мегӯяд, ба мақоми раисиҷумҳурӣ пешбарӣ намудани зан – як қадам дар роҳи демократисозии ҷомеъаи Тоҷикистон аст, ки нисфи онро занҳо ташкил медиҳанд.

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон 27 июли соли равон таҳти раҳбарии ду ҳизби умдаи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон – ҲНИТ ва ҲСДТ ташкил шуд. Шахсиятҳои маъруф ва ҳудуди 15 ҳизбу созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон узви ин эътилофанд, ки маҳз ба хотири пешбарии номзади ягона ва ширкати ҳамоҳангшудаи аҳзобу созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябр рӯи кор омад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG