Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний натиҷаи овоздиҳиро қабул надорад


Дар пайи эълони натиҷаи пешакии интихоботи мири Маскав номзади мухолифин Алексей Навалний талаб кард, ки овозҳо аз сар ҳисоб шаванд.

Рӯзи душанбе комиссияи интихоботи Маскав эълон кард, ки дар аввалин даври интихоботи мири шаҳри Маскав дар даҳ соли ахир Сергей Собянин, ки аз тарафи Кремл пуштибонӣ меёфт, бо 51,3 дар сади овозҳо пирӯз шудааст.

Алексей Навалний бо 27,2 дар сади овозҳо ҷои дуюмро ишғол намудааст. Навалний мақомотро бо тақаллуб айбдор кард.

Дар ҳамин ҳол Собянин ба интихоботи рӯзи якшанбе баҳои баланд дод ва гуфт, ки ин одилтарин интихоботи мири шаҳр дар таърихи Маскав будааст.

Дар интихоботи Маскав тахминан 32 дар сади раъйдиҳандагон иштирок кардаанд.
XS
SM
MD
LG