Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Ҳамла ба Сурия боиси авҷи террор мешавад


 Валид ал-Муаллим ва Сергей Лавров
Валид ал-Муаллим ва Сергей Лавров
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҳушдор додааст, ки ҳамлаи ИМА болои Сурия метавонад ба инфиҷори терроризм замина гузорад.

Рӯзи душанбе дар пайи сӯҳбат бо вазири корҳои хориҷии Сурия Валид ал-Муаллим Лавров гуфт, ки истифодаи нерӯ боиси авҷи терроризм дар Сурия ва кишварҳои ҳамсоя хоҳад шуд.

Ба гуфти вазири корҳои хориҷии Русия Маскав саъй дорад, аз вазъи ногувор дар Ховари Миёна ҷилавгирӣ кунад ва ҳозир аст, тамоми ҷонибҳои манфиатдорро барои дарёфти роҳи ҳалли сиёсӣ ба Маскав даъват кунад.

Муаллим гуфт, ки ҳукумати Сурия ба музокирот бо нерӯҳои сиёсии тарафдори сулҳу суботи ин кишвар омодааст.
XS
SM
MD
LG