Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон Зардорӣ рафт, Ҳусайн омад


Мамнун Ҳусайн
Мамнун Ҳусайн
Рӯзи душанбе президенти нави Покистон Мамнун Ҳусайн дар қароргоҳи президентии ин кишвар дар шаҳри Исломобод савганди раёсатҷумҳурӣ ёд кард. Маросимро раиси додгоҳи олии ин кишвар Ифтихор Чодурӣ раҳбарӣ намуд.

Рӯзи якшанбе баъди панҷ соли президентӣ Осиф Алӣ Зардорӣ раисҷумҳури пештараи Покистон ба истеъфо рафт. Ӯ аввалин президенти ба таври демократӣ интихобшудаи Покистон буд, ки як даври комил раҳбарии кишварро бар ӯҳда дошт.

Зардорӣ баъди куштори ҳамсараш-собиқ сарвазири Покистон хонум Беназир Бҳутто дар соли 2007-ум дар саҳнаи сиёсӣ зуҳур намуд.

Моҳи июл вакилони мардумии Покистон Мамнун Ҳусайнро ба курсии президентӣ интихоб карданд.

Ӯ соҳибкори соҳаи нассоҷӣ буда, аз аъзои фаъоли ҳизби Лигаи мусулмонони сарвазири Покистон Навоз Шариф аст.

Соли 1999 Ҳусайн муддате волии вилояти Синдҳ будааст.
XS
SM
MD
LG