Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонистон аз изҳороти мақоми амрикоӣ нороҳат аст


Ҷеймс Доббинс

Ҷеймс Доббинс

Сухангӯи президенти Афғонистон Аймал Файзӣ ташреҳи фиристодаи хоси ИМА дар Афғонистон ва Покистон Ҷеймс Доббинсро, ки дар Афғонистон “ҷанги шаҳрвандӣ” ҷой дорад, беасос номид.

Файзӣ гуфт, агар ҷанг шаҳрвандӣ мебуд, дар он дахолати низомии ИМА зарур намебуд. Номбурда афзуд, баъзе кишварҳо мехоҳанд нишон диҳанд, ки “дар Афғонистон ҷанг бар зидди терроризм набуда, бар зидди ошӯбгарон аст”.

Файзӣ афзудааст, ки Афғонистон қурбонии терроризм аст ва сабаби ҳузури нерӯҳои ИМА ва паймони НАТО дар Афғонистон бо ваколати СММ аст, ки танҳо мубориза бо терроризмро мадди назар дорад.

Рӯзи панҷшанбе ҳангоми сӯҳбат бо Садои Амрико Доббинс гуфт, ки “воқеан дар Афғонистон ҷанги шарҳвандӣ ҷараён дорад”.
XS
SM
MD
LG