Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси муҷозоти Сурия дар Конгресси ИМА


Денис Макдоноҳ

Денис Макдоноҳ

Ёвари баландпояи президенти ИМА мегӯяд, эҳсоси умумӣ ин аст, ки президенти Сурия Башор ал-Асад масъули ҳамлаҳои кимиёӣ мебошад.

Рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон Макдоноҳ гуфт, ҳамлаи кимиёии Сурия набояд бидуни муҷозот монад:

Ин як амали ҳадафмандонаи маҳдуд ба хотири манъи истифодаи чунин силоҳ аст. Агар мо баҳри иҷрои ин амр талош наварзем, силоҳ тавсеа ёфта, дӯстону муттафиқони моро бо таҳдид мувоҷеҳ хоҳад кард.”

Дар айни замон, Денис Макдоноҳ-раиси дастгоҳи президенти ИМА Барак Обама, эътироф кардааст, ки кишвараш шаҳодати возеҳи собиткунандаи чунин масъулиятро дар ихтиёр надорад.

Мусоҳибаи Макдоноҳ замоне нашр шудааст, ки маъмурияти президенти ИМА саъй дорад, пуштибонии вакилони Конгресс барои “амалиёти маҳдуд” дар Сурияро ба даст орад.

Пешбинӣ мешавад, ки ҳар ду маҷлиси Конгресс рӯзи душанбе баррасии амалиёт дар Сурияро оғоз мекунанд, вале то ҳол маълум нест, ки конгрессменҳо аз он дастгирӣ хоҳанд кард ё не?

Баъзе қонунгузорон хавф доранд, ки ҳамла болои Сурия метавонад ИМА-ро ба як ҷанги тӯлонии ҷангҷӯён бар зидди ғарб хоҳад бурд.

Вашингтон таъкид мекунад, ки 21-уми август нерӯҳои ҳукумати Сурия канори Димашқро мавриди ҳамлаи кимиёӣ қарор дода, тахминан 1429 нафар ва аз ҷумла 400 кӯдакро ба ҳалокат расондаанд.
XS
SM
MD
LG