Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Навалний даври дуюми интихобот талаб дорад


Дар аввалин даври интихоботи мири шаҳри Маскав Сергей Собянин, ки аз тарафи Кремл пуштибонӣ меёфт, бо 51,37 дар сади овозҳо пирӯз шудааст.

Комиссияи интихоботии Маскав рӯзи душанбе ҳамчунон маълумот дод, ки номзади мухолифин Алексей Навалний бо 27,25 дар сади овозҳо ҷои дуюмро ишғол намудааст.

Навалний мақомотро бо тақаллуб айбодор кард. Навалний гуфт, агар мақомдорон эътироф накунанд, ки Собянин камтар аз 50 дар сади овозҳоро касб намудааст, эҳтимол эътирози мардумӣ барпо шавад.

Ба қавли Навалний номзади пирӯз бояд дар даври дуюми интихобот муайян шавад. Дар ҳамин ҳол Собянин ба интихоботи рӯзи якшанбе баҳои баланд дод ва гуфт, ки ин одилтарин интихоботи мири шаҳр дар таърихи Маскав будааст.

Дар интихоботи Маскав тахминан 30 дар сади раъйдиҳандагон иштирок кардаанд.
XS
SM
MD
LG