Пайвандҳои дастрасӣ

Гуштӣ дар бозиҳои олимпӣ боқӣ мемонад


Гуштигирӣ дар бозиҳои олимпӣ боқӣ мемонад. Рӯзи якшанбе дар Буэнос Айрес Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба тарафдорӣ аз ҳифзи гуштигирӣ дар бозиҳои олимпии солҳои 2020 ва 2024-ум овоз доданд.

Раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ Жак Рог баъди овоздиҳии кумита гуфт:

Хонумон ва ҷанобҳо! Ман натиҷаи овоздиҳиро эълон мекунам. Барои вуруди бокс 95 кас овоз дод. Мухолиф ва ё бетараф нест. Барои вуруди гуштӣ 49 овоз барои бейсбол 24 овоз ва ба хотири вуруди сквош дар бозиҳои олимпӣ 22 кас овоз додаанд. Ҳамин тариқ гуштӣ дар бозиҳои олимпии соли 2020-ум ворид шуд.”

Моҳи феврали соли равон Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуштиро аз рӯйхати намудҳои асосии бозиҳои олимпӣ берун кашида буд.

Вале раҳбарони иттиҳодияҳои ин навъи варзиш бо ҳадафи барқарор намудани мақоми гуштӣ ислоҳоти тарзи баргузории мусобиқаҳоро матраҳ намуданд.

Кишварҳои маъруф дар гуштигирӣ бамонанди Русия, Эрон ва ИМА барои ҳифзи гуштӣ дар бозиҳои олимпӣ талош варзидаанд.
XS
SM
MD
LG