Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури мардум дар интихоботи Русия кам будааст


Бино ба гузориши матбуоти Русия, ҳузури мардум дар интихоботи мақомоти маҳаллӣ дар 33 минтақаи кишвар кам будааст. Дар шаҳри Хабаровск дар Шарқи Дури Русия, ки чанде пеш шоҳиди обхезии бесобиқа шуд, танҳо 30 дар сади мардум дар интихобот раъй додаанд. Валентин Горбуно, раиси Кумиссиёни Интихоботии шаҳри Маскав изҳор кардааст, ки то нисфирӯзӣ фақат 18,56 дар сади раъйдиҳандагон дар интихоботи раиси шаҳр раъй додаанд. Дар интихоботи Русия мардум губернатор, вакилони маҷлисҳои минтақавӣ ва раисони 11 шаҳрро интихоб мекунанд.
XS
SM
MD
LG