Пайвандҳои дастрасӣ

Тими ҳандболи Покистон Тоҷикистонро шикаст дод


Тими ҳандболбозони тоҷик дар мусобиқоти Ҷоми Дӯстии ҳандбол, ки дар Кобул идома дорад, дар нахустин бозии худ, ба ҳандболбозони покистонӣ бо ҳисоби 61 бар 29 бохтанд. Ин мусобиқот рӯзи шанбе оғоз шуд ва дар он 4 даста аз Афғонистон ва тимҳои ҳандболи Тоҷикистону Покистон ширкат мекунанд. Дар аввалин бозӣ дар рӯзи шанбе, тими шаҳри Кобул, рақибони покистонии худро бо ҳисоби 32 бар 29 шикаст дода ва се имтиёз ба даст овард. Варзишгарони тоҷик, ки бори аввал дар чунин мусобиқот дар Афғонистон бозӣ мекунанд, ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои ҳузур дар ин рақобатҳо омодагии комил гирифтаанд. Раҳматшо ҳандболбози тоҷик дар ин бора гуфт: “Хуб шуд, ки моро ба ин мусобиқот даъват карданд. Мо бисёр тамрин кардем ва бояд чолокии худро нишон бидиҳем. Мо аз афғонҳо ёд мегирем, онҳо аз мо ёд мегиранд”. Мусобиқот дар Кобул то рӯзи 10 сентябр идома мекунад.
XS
SM
MD
LG