Пайвандҳои дастрасӣ

Обама аз кӯмаки Тоҷикистон ибрози қадрдонӣ кард


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар номаи шодбошиаш ба муносибати ҷаншни истиқлоли Тоҷикистон гуфтааст, “аз дастгирии Тоҷикистон ҷиҳати истиқрори амнияту субот дар Афғронистон ва минтақа“ қадрдонӣ мекунад. Дар номаи Барак Обама ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин омадааст, ки “ман муштоқона мунтазири таҳкими равобити дӯстонаи миёни кишварҳоямон ҳастам”. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар номаи табрикии хеш гуфтааст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия босуръат рушд меёбад ва инкишофи минбаъдаи он ба манфиати мардуми ду кишвар ва суботу амнияту шукуфоӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин гуфтааст, ки ҳамкориҳои ду кишвар баъди сафари Раҳмон ба Пекин дар моҳи май ба “сатҳи стратегӣ” расидааст ва Чин аз рушди бемайлони Тоҷикистон” бисёр шод аст. Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон низ дар номаи табрикии худ ба муносибати 22 солгарди истиқлоли Тоҷикистон гуфтааст, ки умедвор аст, “равобити дустона миёни ду кишвар дар тамоми заминаҳо ва дар ростои манфиатҳои мутақобили ду миллат, беш аз пеш таъмиқ ёбад. Ин номаҳо рӯзи 8 сентябр дар торнамои раиси ҷумҳури Тоҷикистон нашр шуд” Дар кишвар рӯзи 9 сентябр 22-умин солгарди истиқлолро таҷлил мекунад.
XS
SM
MD
LG