Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон тазоҳурот дар пеши консулгариашро маҳкум кард


Ҳукумати Эрон тазоҳурот дар назди консулгарии кишвар дар шаҳри Ҳироти Афғонистонро маҳкум кард, ки дар ҷараёни он як нафар кушта шуд. Хабаргузории расмии ИРНА аз қавли Марзия Афхам, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи якшанбе навишт, ки “мақомоти амниятӣ ва пулис мебоист сареъан дар маҳал ҳозир шуда ва ба таҷаммӯъи ғайриқонунӣ, ворид омадани хисорот ба намояндагӣ ва эҷоди халал дар фаъолияти кормандон” иҷоза намедоданд. Пулиси Афғонистон рӯзи шанбе гуфт, ки садҳо нафар дар назди консулгарии Эрон дар Ҳирот ҷамъ омада ва аз таъхир дар додани раводид эътироз карданд ва хостанд ба бинои консулгарӣ ворид шаванд. Аммо вақте маъмурони пулис пеши роҳашонро гирифтанд, тазоҳургарон бо сангандозӣ ба онҳо ҳамла кардаанд. Тазоҳургарон кормандони конгсулгариро ба ришваситонӣ дар ивази раводид муттаҳам мекарданд. Ба пулиси Афғонистон дар ниҳоят муяссар шудааст, ки тазоҳургаронро пароканда кунад.
XS
SM
MD
LG