Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамарӯза аз намоишгоҳи асарҳои рассомии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки дар назар аст то моҳи оянда давом кунад садҳо нафар дидан мекунанд.

Рӯзи 6 – уми сентябр муҳассилон ва устодони бахши рассомии факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд намунаҳои асарҳои худро дар толори ин факулта ба маърази намоиш гузоштанд.

Ин намоишгоҳ бо мусоидати намояндагии Бунёди русии “Институти таҳқиқоти Авруосиё” дар Хуҷанд баргузор гардид ва дар он беш аз 80 асари рассомони ҷавон дар жанрҳои манзараву чеҳранигорӣ ва тарҳу натюрморт тақдими назари ҳаводорони ҳунари рассомӣ гардид.

Ба гуфтаи баргузоркунандагон, дари ин намоишгоҳ то моҳи октябр барои бинандагон боз хоҳад буд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз ин намоишгоҳ акс бардоштааст, ки манзури Шумо мекунем.

XS
SM
MD
LG