Пайвандҳои дастрасӣ

Дар амалиёт дар Синаӣ 10 нафар кушта шудаанд


Дар ҷараёни амалиёти васеъмиқёси артиши Миср алайҳи ситезаҷӯён дар нимҷазираи Синаӣ, дасти кам 10 нафар кушта шудаанд. Рӯзи шанбе сарбозони мисрӣ бо мошинҳои зиреҳпӯш ва бо ҳимояти тонку чархболҳо ба паноҳгоҳҳои ин тундравон дар шимоли Синаӣ ҳамла карданд, ки амалиёти бесобиқа дар чанд соли ахир дониста мешавад. Шимоли Синаӣ, ки бо Исроил ва Навори Ғазза ҳаммарз аст, дер боз паноҳгоҳи тундравон маҳсуб мешавад. Баъди аз мақомаш барканор кардани Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои Миср дар моҳи июл, ҳамлаҳои тундравон дар ин минтақа авҷ гирифт. Ду рӯз пеш аз амалиёти мазкур дар Синаӣ, Муҳаммад Иброҳим, вазири умури дохилии Миср аз сӯиқасде ҷон ба саломат бурд ва сӯиқасдро, кори дасти як маргталаб аз гурӯҳҳои пинҳон дар Синаӣ хондаанд.
XS
SM
MD
LG