Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи интихоботи мақомоти минтақавӣ дар Русия


Дар Русия интихоботи губернатору, вакилони маҷлисҳои минтақавӣ ва раисони 11 шаҳр идома дорад. Интизор меравад, ки дар ин корзор аксаран номзадҳои тарафдори ҳукумати Русия пирӯз шаванд. Аммо дар шаҳрҳои Маскав ва Екатеринбург, корзори интихоботӣ ғайримуқаррарӣ пуршӯр буд, чун мақомот ба Алексей Навалний, пешвои мухолифон иҷоза доданд дар интихобот ширкат кунад. Бино ба назархоҳиҳо, ӯ аз номзади аслӣ шаҳрдори феълии Маскав Сергей Собянин ақиб мемонад. Дар шаҳри Екатеринбург, Евгений Ройзман, яке аз сиёсатмадорони баҳсбарангез ва миллатгарои рус, ки бо шиорҳояш алайҳи муҳоҷирони корӣ шӯҳрат дорад, шанс дорад дар интихобот пирӯз шавад.
XS
SM
MD
LG