Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Токио бозиҳои олимпии соли 2020 мизбонӣ мекунад


Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ Токиоро ба ҳайси мизбони бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2020 интихоб кард. Дар раъйдиҳии ниҳоӣ, ки Токио ва Истанбули Туркия монда буданд, пойтахти Ҷопон 60 раъй ва Истанбул 36 раъй ба даст овард. Вале шаҳри қадимаи Туркия дар марҳилаи аввали раъйдиҳӣ, аз Мадрид пойтахти Испониё ва довталаби дигари мизбонии бозиҳои олимпӣ гузашт. Бо вуҷуди нигарониҳо аз ихроҷи олудагиҳо аз нерӯгоҳи барқи атомии вайроншудаи Фукушима дар Токио, аксарияти аъзои Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ, ҳамин шаҳҳро барои баргузории бозиҳо муносиб донистанд. Токио бори аввал соли 1964 бозиҳои тобистонаи олимпиро мизбонӣ карда буд. Бозиҳои олимпии соли 2016 дар шаҳри Рио де Жанейрои Бразилия баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG