Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намунаи Юлиус Фучик - талош барои ҳақиқат ё саркӯби мухолифон?


Юлиус Фучик.
Юлиус Фучик.

Рӯзи 8-уми сентябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҳамраъйии журналистонро ҷашн мегиранд, ки ба сарнавишти рӯзноманигор Юлиус Фучик бастагӣ дорад.

Ин сана ба ҳаводиси фоҷеабори соли 1943 рабт дорад, ки дар зиндони фашистӣ нависанда ва журналист маъруфи чех Юлиус Фучик ба қатл расид.

Соли 1954 конгресси чоруми Созмони байналмилалии хабарнигорон дар Бухарест ба чунин қарор расид, ки 8-уми сентябри ҳар сол ба хотири гиромидошти хотираи Юлиус Фучик Рӯзи ҳамраъйии журналистон таҷлил шавад. Дар охири садаи бистум бо қарори конфаронси СММ ин санаи муҳим расман мақоми байналмилалиро касб кард.

Юлиус Фучик, ки худ зодаи шаҳри Прага аст, соли 1942 барои ақидаҳои озодихоҳонааш зиндонӣ мешавад ва машҳуртарин китоби худ «Гузориш дар зери дор»-ро дар зиндон навишт. Соли 1945 ин китоби ӯ ба 70 забони дунё тарҷума мешавад ва ба яке аз пурхонандатарин китобҳо табдил меёбад.

Ҳамасола даҳҳо рӯзноманигор дар саросари ҷаҳон дар ҷангҳову муноқишаҳо ва барои ҳақиқатҷӯӣ кушта мешаванд. Шумораи зиёди рӯзноманигорон барои ақидаи худ дар кишварҳои худкома зиндонӣ мешаванд. Аз ҳама зиёд рӯзноманигорон дар кишварҳои Эрон, Туркия ва Сурия зиндонӣ мешудаанд.

Акбаралӣ Сатторов, раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дар як табрикоти худ вобата ба ин рӯз гуфтааст, мутаасифона қисме аз ҳамкасбони худро дар ҳодисаҳои таърихӣ аз даст додаем, дар ҳоле ки онҳо дар пайи инъикоси ҳақиқат фаъолият мекарданд.

Дар ин баёния гуфта мешавад: "Қисми зиёди ҳамкасбони худро дар ҷанги дувуми ҷаҳон, ҷанги солҳои навадуми Тоҷикистон аз даст додаем. Онҳо барои навиштани ҳақиқат, дар рафти иҷрои корҳои хизматӣ ва дар ... ҷони хдро аз даст додаанд. Мутаасифона имрӯз ҳам дар нуқоти гуногуни сайёра журналистон дар ҷангҳо аз дасти терористон, ҷинояткорон ва гурӯҳбозон кушта мешаванд."

Акбаралӣ Сатторов ҳамчунин гуфтааст, ончи ки ба сари рӯзноманигори чехӣ омад, шояд на ҳамаи тоҷикистониён донанд, ки чунин ҳодиса дар Тоҷикистон ҳам шудааст. Ишораи раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба кушта шудани 69 журналисти тоҷик дар даврони ҷанги дохилист.
XS
SM
MD
LG